[go: up one dir, main page]

Jump to content

Империализм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Империализм (франс. imperialisme, аз лот. imperium-ҳокимият)- дараҷаи олӣ ва охирини капитализм, Ки дар охири асри Х1Х ва асри ХХ–баъди ба вуҷуд омадани ҳукмронии монополияҳои капиталистӣ ва капитали молиявӣ ва ба охир расидани тақсимоти территориявии ҷаҳон дар байни мамлакатҳои асосии капиталистӣ пайдо шудааст; зислатњои асосии империализм-ҳукмрони монополияҳо ва капитали молиявӣ, афзудани ҳаҷми ба хориҷа баровардани капитал, ҷангҳои таҷовузкорона ва тороҷгарона, ғулом гардондани халқҳо, пурзур гаштани ҷабру зулми капиталистӣ, шовинизм, нажодпарастӣ, реаксияи дағал; И.-ин капитализми мурдаистода ва дар Айни замон арафаи инқилоби зафаровари сотсиалистӣ мебошад. В. И. Ленин назарияи илмии И.-ро кор карда баромадааст. Дар замони И. рақобати озодона ба ҳукмронии монополияҳо табдил меёбад, ҳукмрони монополияҳои капиталистӣ дар ҳаёти иқтисоди бо ҳукмронии онҳо дар сиёсат якҷоя мегардад; монополияҳо бо худ аппарати давлатиро тобеъ мекунанд; И. зиддияти байни меҳнат ва капитал, байни давлатҳои империалистӣ ва мамлакатњои мустамликаю мутеъро ба ҳадди охирин мерасонад; капитализм дар давраи И. нобаробар ва ҷаҳишнок тараққӣ мекунад; ин рақобат ва муборизаи байни мамлакатњои капиталистиро барои бозор, манъбаҳои моли хом, барои забт кардани сарзамини мамлакатњои дигар, барои ҳукмронии ҷаҳонӣ тезу тунд мекунад; ин боиси ҷангҳо мешавад. Ҳамаи ин барои рахна кардани занҳири И. ва ғалабаи сотсиализм аввал дар якчанд ё ҳатто дар мамлакати алоњида шароит фароҳам меорад. Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр инро исбот намуд ва ба кризиси умумии капитализм ибтидо гузошт. Дар миқиёси ҷаҳон ба таври инқилобӣ аз капитализм ба сотсиализм гузаштан мазмуни асосии марҳилаи ҳозираи таърих мебошад.