[go: up one dir, main page]

Jump to content

Ибни Ҳазм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Ҳазм
араб. ар. أبو مُحمَّدٍ عَلِيُّ بْنُ أَحْمَدَ بْنِ سَعِيدِ بْنِ حَزْمِ بْنِ غَالِبِ بنِ صَالِحِ بن خَلَفِ بْنِ مَعْدانَ بْنِ سُفْيانَ بْنْ يَزِيدَ اَلْأَنْدَلُسِيُّ القُرْطُبِيُّهنتاي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: файласуф, фақеҳ, адиб, шоир, ҷуғрофиёдон
Таърихи таваллуд: 7 ноябр 994[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 15 август 1064[1] (69 сол)
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом[1]
Ҳамсар Uns al-Qulub[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Викигуфтовард
Вироиши Викидода

Абумуҳаммад Алӣ ибни Аҳмади Андалусӣ, маъруф ба Ибни Ҳазм (ар. ابن حزم994, Қуртуба — 1064, Уилво) — фақеҳ, муҳаддис, файласуфи андалусӣ, олими адёну мазоҳиб[3], адиб ва шоир, яке аз дурахшонтарин чеҳраҳои фарҳангии исломӣ

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи пурраи ӯ: Алӣ ибни Аҳмад ибни Саъид ибни Ҳазм ибни Ғолиб ибни Солеҳ ибни Халаф ибни Маъдон ибни Сафён ибни Язид, кунияааш Абумуҳаммад, машҳур ба Ибни Ҳазм дар ҷониби шарқии шаҳри Қуртуба дар Андалус дар 30-юми моҳи рамазони соли 384 ҳиҷрӣ[4] ба дунё омадааст. Вилодати ӯ дар он шаб баъд аз фаҷр ва қабл аз тулуъи офтоб будааст.

Падарбузургаш аз диёри форс ба Андалус сафар мекунад ва форсизабон буд. Аз рӯзи нозил шудан ба он ҷо соҳиби шаъну шараф мегарданд, то ҷое, ки дар бораи оилаи онҳо гуфтанд: «Бану Ҳазм ҷавонмардони соҳиби илму соҳибадаб ва соҳибмаҷду соҳибкорам ҳастанд. Эшон дарси илму ҷоҳ ҳастанд».

Падараш дар тарбияи ӯ аҳамияти ҷиддӣ медод. Ин буд, ки Ибни Ҳазм дар хурдсолӣ Қуръони каримро ҳифз намуд ва аҳкому одоб, таҷвид ва қиссаву ахбори онро хуб омухт. Инчунин китобатро омӯхта машқи хат намуд, то ҳусни хаташ хуб шавад ва ашъори зиёдеро ҳифз кард.

Ҳангоме, ки Ибни Ҳазм ҷавони нерӯманд шуд падараш ба суҳбати марди парҳезкор ва соҳибахлоқ бо номи шайх Абулҳусейн ибни Алии Фосӣ бурд ва ин мард Ибни Ҳазмро ба маҷлиси уламову шайхҳо мебурд, то аз илми эшон ба андозаи тавоноияш истифода барад. Чун шайх Абдулҳусайни Форсӣ дар дар роҳи ҳаҷ вафот мекунад, Ибни Ҳазм ба сӯи дигар шайхҳои фозил ва донишманд рӯй меорад ва аз илми эшон ва ахлоқи онҳо баҳра мегирад. Ӯ ҳадисро назди Аҳмад ибни Ҷасур (р) ва Ҳамадонӣ дарс мегирад ва аз онҳо ривоят мекунад.

Пас ҳангоме, ки баъзе изтироботи сиёсӣ дар Қуртуба рӯи медиҳад ва фитна воқеъ мешаваду падараш мансаби вазоратро аз даст медиҳад, хонаводаи эшон маҷбур ба тарки қасрҳояшон мешаванд ва боз шарқи Андалус ба ғарби он ҳиҷрат мекунанд. Ибни Ҳазм дар он айём ҳамагӣ понздаҳ сол дошт. Чун фитнаву бесарусомониҳо идома пайдо мекунанд онҳо маҷбур ба тарки Қуртуба мешаванд ва дар ибтдои моҳи муҳаррами соли 404 ҳиҷрӣ роҳ сӯи шаҳри «Ал-миря» мегиранд.

Ибни Ҳазмро дар шаҳри «Миря» боздошт ва ҳабс намуданд. Баъд аз он дар аввали соли 408 ҳиҷрӣ ба шаҳри «Балансия» интиқол ёфт. Дар аввали ҳаёти илмиаш Ибни Ҳазм ба таври куллӣ ба диросати фиқҳ машғул нашуда буд, балки ҳадиси набавии шариф, улуми Қуръон, адаб, наҳв луғат ва баъзе улуми ақлӣ ва фалсафиро меомӯхт.

Ибни Ҳазм дар бораи шакли Замин

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Ба рағми бовари умумӣ, Замин куравӣ аст… Ва собиткунанда ин амр он аст, ки Хуршед ҳамвора бар як нуқтаи муайян аз Замин, амуд метобад.»[5] .

  • (рус.) Ожерелье голубки. Пер. с араб. М. А. Салье под ред. И. Ю. Крачковского. М.: Издательство восточной литературы, 1957.
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 A Mind of His Own (ингл.)
  2. 2.0 2.1 http://www.muslimphilosophy.com/hazm/dove/index.html
  3. Ислам. Энциклопедический словарь. М.: Наука, Главная редакция восточной литературы, 1991. — 315 с. — ISBN 5-02-016941-2 — с.87.
  4. Мутобиқ ба 7 ноябри соли 994 мелодӣ
  5. «Аль-Фисаль филь Миляль уа-ль-Ахва уа-н-Нихаль» (2/78)
  • Али-заде, А. А. Ибн Хазм аль-Андалуси // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007.
  • Ибн Хазм / T.Ибрагим // Новая философская энциклопедия : в 4 т. / пред. науч.-ред. совета В. С. Стёпин. — 2-е изд., испр. и доп. — М. : Мысль, 2010. — 2816 с.
  • Селезнев Н. Н. Ибн Хазм о Боговоплощении и конфессиональном делении в христианстве. // Историко-философский ежегодник. 2011. М., 2012. — 472 с. — ISBN 978-5-88373-345-0. — с.313-329.