[go: up one dir, main page]

Jump to content

Rolls-Royce Motor Cars

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Rolls-Royce Motor Cars
Навъ худравсоз[d], ширкат[d], ширкати тиҷорӣ, ширкати саҳҳомии ом[d] ва бренди худрав[d]
Таъсисёбӣ 1998
Бунёнгузорон Henry Royce[d] ва Charles Rolls[d]
Макон
Бахш санъати худравсозӣ[d]
Ширкати модарӣ BMW
Сайт rolls-roycemotorcars.com/…

Rolls-Royce Motor Cars Ltd (Роллс-Ройс) — ширкати англисӣ, қисмате аз BMW AG, ки автомобилҳои дараҷаи баланду пурқимат, таҳти тамғаи Rolls-Royce истеҳсол мекунад.

Автомобилҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 2003 Phantom — соли 2003 дар шаҳри Детройт, дар намоиши байналмилалии Амрикои Шимолӣ ҳамчун аввалин модели ширкати Rolls-Royce Motor Cars Limited ба намоиш гузошта шуд. Зерсохтори BMW бо ширкати  Rolls-Royce ба ҷуз тамғаи тиҷоратӣ ва нишонвора, алоқаҳои техникӣ ва корпоративи надошт. Ин худрав бо муҳаррики 6,75 л V12, истеҳсоли BMW насб шудааст. Қисмати электрониаш низ истеҳсоли ин ширкат аст, аммо бештари қисмҳояш истеҳсоли худи Rolls-Royce Motor Cars Limited мебошанд.
  • Дар фарқият аз Mini (ки 90 % дар Бритониё коркард ва истеҳсол шудааст) қисми зиёди ҷузъиёташ дар Олмон истеҳсол шудааст, ҷамъовари ва озмоиши ин автомобил дар корхона Rolls-Royce дар Гудвуд мешавад. Ин модел низ ба дигар автомобилҳои классикии Rolls-Royce шабоҳат дорад ва тафсирҳои стандартию дароз дорад, ки нархашон аз £250,000 сар мешаванд.

Дар соли 2007 ширкат эълом кард, ки аз маҳдудияти 25 седанҳои Rolls-Royce Phantom, ки бо ранги сафеди ғайри оддии Metallic Ghost Silver бо ҳайкалчаи «Ҷони ба ваҷд омада» аз нуқра ва нишемани махсус оросташуда. Ин серия ба шарафи 100-солагии модели Rolls-Royce Silver Ghost истеҳсол гардидааст.

  • 2007 Phantom Drophead Coupe — болокушода (cabriolet) бо шифти нарм дар асоси Rolls-Royce 100ЕХ коркард карда шудааст.
  • 2018 Rolls-Royce Cullinan — дар таърихи ширкати Rolls-Royce аввалин автомобили SUV ё худ ғайрироҳрав аст, ки дар соли 2018 ба намоиш баромад.
  • Rolls-Royce Spectre — ин аввалин электроавтомобилест дар таърихи ширкати Rolls-Royce, ки дар соли 2022 пешниҳод гардид.

Далелҳои ҷолиб

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Bentley Motors дар солҳои 1931—1998 қисмате аз Rolls-Royce буд.
  • Корхонаи дар шаҳристони Сусекси Ғарбӣ — аз рӯи истеҳсоли автомобилҳои «Роллс-Ройс» шашумин ҷой дар таърих ба ҳисоб меравад. Онро BMW сохта буд ва корхонаи дигарашро, ки дар Крю ҷойгир аст, ба ширкати «Volkswagen» дода шуд. Дар сохтмони ин корхона ширкати BMW аз 60 то 85 миллион доллари ИМА сарф кардааст.
  • «Роллс-Ройс» то ҳол бо даст ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар корхонаи Сусекси Ғарбӣ, ҳамагӣ ду робот (дар соли 2010) автомобилҳои «Роллс-Ройс»-ро ранг мекунад. Ҳама дигар корҳоро дар ин корхона коргарон дасти иҷро менамоянд.
  • Ҳар як автомобили ин корхона, пас аз тай кардани ду ҳазор километр роҳ, аз санҷиш мегузаранд ва баъд аз он мошинро кушода ҳар як ҷузъиёти онро тафтиш мекунанд, сипас 12 қабат ранг карда бо таклифи аниқи муштари мошинро ҷамъоварӣ месозанд.

Ҳайкалчаи «Ҷони ба ваҷд омада» — рамзи дар ҷаҳон маъруф гардидаи ширкати Rolls-Royce мебошад, ки ҳамчун шиносномаи Rolls-Royce дониста мешавад.

Spirit of Ecstasy, la scultura della mascotte sul cofano delle auto Rolls-Royce