Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Олу
рутбаҳои мобайнӣ
Триба: Amygdaleae Juss. , 1789
Prunus L. , 1753
Олу (лот. Prúnus ) — ҷинси бутта ё дарахт мевадорест аз оилаи настараниҳо .
Баландиаш аз 1 то 12 метр. Баргаш мудаввар, дарозрӯя ё нештаршакл, гулаш сафед, сабзтоб ё гулобӣ, ҷудогона ё 2—5-тоӣ дар навдаи кӯтоҳ воқеъ шудааст. Мевааш зард, сабз, сурх, қирмизӣ ё сиёҳи кабудтоб (аз 6 то 100 грамм) мудаввар ё тухмшакл.
Дар Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимоли беш аз 30 гунаи олу мерӯяд. Дар Тоҷикистон 3 гунаи худрӯй ва 5 гунаи мазрӯъ (олуи маъмулӣ, кӯксултон — Р. nachichovanica, заролу—Р. salicina, сурхолу — P.simonii, Р. arasifera var. pissardii) месабзад. Махсусан олуи маъмулӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мепарваранд.
Олуро барои тайёр кардани компот, мураббо, шарбат, рубъ (повидло), мармелад ва тару тоза истифода мебаранд. Хушк ҳам мекунанд. Олу дар таркибаш аз 9 то 20 % қанд, 0,4—Зп’о ҷавҳар, қариб 1 % моддаҳои пектинӣ, то 1 % моддаҳои даббогӣ, витаминҳои Bi, B2, С, К, РР, каротин (провитамини А) ва ғайраҳо дорад.
Орояшиносӣ Дар феҳристҳои китобшинохтӣ