[go: up one dir, main page]

Jump to content

Дода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шуморе аз анвоъи мухталифи дода

Дода (форсӣ: داده‎) — ба таври куллӣ, метавон ҳамаи донистаҳо, огаҳиҳо, доштаҳо, оморҳо, шиносаҳо, пешинаҳо ва пиндоштаҳоро дода ё дата (англ. Data) номид. Инсон барои сабту дарки муштарак ҳар воқеъият ва падида аз нишонаҳои вижаи он баҳра гирифтааст.

Инсон барои намоёндани додаҳо нахуст аз нигора ва дар идомаи сертакомули он аз ҳуруф, шумораҳо ва нишонаҳо кумак гирифт. Барои бознамуди додаҳо аз ин маворид кумаке ё таркибе аз онҳо истифдода мешавад[1].

Додаҳо маъмулан аз сӯи инсонҳо ба сурати ҳуруф, аъдод, аломатҳо ва дар роёна ба сурати намодҳои (ҳамон рамзҳои сифр ва як) қарордодӣ ироа мешаванд. Истилоҳи дода як ибораи нисбӣ аст, яъне агар мӯҷиби дарку фаҳми лозим ва комил дар ин марҳала шудааст ба унвони огоҳӣ ё иттилоъот аз он ном мебаранд ва чунончи мӯҷиби дарку фаҳм комил нагардад ба унвони ҳамон дода ба шумор меоянд ва чун ҳадафи ниҳоӣ огоҳӣ ва иттилоот аст, бояд аз сӯи дастандаркорон (инсон ё роёна) дасткорӣ ё пардозиш шаванд. Манзур аз дасткорӣ ё пардозиши додаҳо анҷоми амалиёте аз қабили ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим, муқояса ва ғайра аст.

  1. Аз Википедиаи порсӣ